Файзобод: Баргузории мусобиқаи гӯштин дар ҷашни наврӯзӣ
Файзобод, 21.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар боғи Ғалабаи ноҳияи Файзобод ҷашни Наврӯзи аҷам баргузор гардид.
Раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода сокинони ноҳия ва меҳмононро бо иди байналмиллалии Наврӯз табрик намуда, барояшон тандурустӣ ва хонаободӣ тамано кард.
Зимни баргузории Наврӯз собиқадорон ва бобои деҳқон аз таърихи ин ҷашни қадимаи миллати тоҷик ёдовар шуданд.
Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва корхонаю муассисаҳо либосҳои миллӣ, намудҳои гуногуни хӯрок ва санъати қадимаи гузаштагонро ба намоиш гузошта, ҳунармандони ноҳия бо барномаи ҳаҷвию ҳунарӣ хотири иштирокдоронро шод гардониданд.
Ҳамчунин дар ҷашни Наврӯз мусобиқаи варзишӣ доир ба гӯштин баргузор шуда, паҳлавонони шинохтаи ҷумҳурӣ дар он иштирок карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






