Фестивали фарҳангӣ бахшида ба рӯзҳои Ҷопон дар Тоҷикистон
Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Бо ибтикори Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 12 ва 13 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе Фестивали фарҳангии Ҷопон — рӯзҳои Ҷопон баргузор мешавад. Фестивали мазкур нахустин намоиши фарогири фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон мебошад ва аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, даромад ройгон ва аз намоишҳои мухталифи фарҳангу суннатҳои ҷопонӣ иборат аст.
Рӯзҳои Ҷопон 12 март бо намоиши Икэбана, санъати набоботӣ, аз ҷониби Устоди расму оинҳои анъанавии ҷопонӣ Ямада Мидорӣ оғоз меёбад. Ҳамзамон тамоми рӯз дар утоқҳои махсус нишондиҳии Шодо, хаттотии анъанавии ҷопонӣ ва Оригами, намудҳои гуногуни шаклсозӣ аз қоғазро наққош Зуҳро Бахрололумӣ муаррифӣ менамояд.
Худи ҳамон ҷо утоқҳое омода мешаванд, ки тамошобин метавонад либоси суннатии ҷопонӣ юкатаро бипӯшад ва бо бозичаҳои чӯбини анъанавӣ шинос шавад. Илова бар ин, донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷопон таҳсил намудаанд, намоишномаи нодире барпо мекунанд ва аз қиссаҳои аҷоиб ва таҷрибаи ҳаёту зиндагии хеш дар Ҷопон суҳбат менамоянд.
13 март ҳамвора якчанд чорабинӣ дар идомаи рӯз баргузор хоҳанд гашт.
Дар баробари ин дар утоқҳои махсус Сёдо, Оригами, бозичаҳои суннатӣ ва Юката ба маърази намоиш гузошта мешаванд ва аз ҳозирин даъват мешавад, то дар якҷоягӣ вориди онҳо гарданд.
Рӯйдодҳои дурӯзаи ҷопонӣ ба сифати имконияти намоиш додани дӯстии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон хизмат менамоянд ва барои тамошобинон имконияте хубе пайдо мекунанд, то дар муҳити воқеӣ аз фарҳангу анъанаҳои Ҷопон ҳаловат баранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






