Гӯштингирони тоҷик дар Тифлис ноком шуданд
Душанбе, 28.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии дзюдо ки рӯзҳои 25-27 март дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон баргузор шуд, боз ба нокомӣ дучор шуданд. Ин панҷумин мусобиқаи байналмилалӣ барои дзюдочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор меравад. Мусобиқа миёни мардону занон дар 7 вазн сурат гирифт. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду гӯштингири маъруфи кишвар -Фарҳод Раҳимов ва Саидҷалол Саидов намояндагӣ карданд.
Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило, ки ҳамагӣ 48 гӯштингир буд, дар даври аввал аз паҳлавони исроилӣ Асаф Чен мағлуб гашт. Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило (ҳамагӣ 28 гӯштингир) нахустин қувваозмоияшро ба Ҷавод Маҳҷуб аз Эрон бохт.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки 389 варзишгар (226 мард ва 163 зан) аз 67 кишвари ҷаҳон ширкат дошт, дзюдочиён инчунин барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳо ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби Нидерланд бо се медали тилло ва ду медали нуқра мақоми аввалро касб кард.
Дастаи мунтахаби Гурҷистон бо ду медали тилло, як медали нуқра ва чаҳор медали биринҷӣ дувум шуд.
Дастаи мунтахаби Бразилия бо як медали тилло, як медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ дар ҷойгоҳи севум қарор гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






