Гиромидошти забони тоҷикӣ дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак
Норак, 30.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-29 марти соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарон ва фаъолони корхонаю муассисаҳо баргузор гардид.
Дар иҷлосия иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷониби вакилон роҷеъ ба омўхтан, гиромӣ доштан, ҳифз ва афзудани қудрату тавоноии забони тоҷикӣ, рушди забони давлатӣ, ҳамчунин дар рўҳияи ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия намудани шаҳрвандон таклифу пешниҳодҳои муфид баён шуданд.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






