Х.Холиқназар: Ҳамкории Тоҷикистону Корея шароит фароҳам меорад, то имконоти бои иқтисодии Корея истифода шавад
Душанбе, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея шароит фароҳам меоварад, ки имконоти бойи иқтисодии ин кишвар барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон истифода шавад»,- гуфт директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназаров зимни машварати байналмилалии Корея- Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дар Душанбе ба кори худ оғоз кард.
Машварати байналмилалӣ таҳти унвони «Усулҳои вусъатбахшии ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирёбии низоми иқтисодии Авруосиё» баргузор гардида, дар он директори бахши корҳои аврупоии ВКХ Ҷумҳурии Корея Чеол-Мин Пак, намояндаи Департаменти Аврупо, Амрико ва Авруосиё Ҷае-Йонг Ли, намояндагон аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок доранд.
«Машварати байналмилалии Корея Осиёи Марказӣ семинари муҳим буда, дар он масъалаҳои вусъат бахшидани ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Ҷумҳурии Корея барои Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.
Тавре ки маълум аст, соли гузашта ҳангоми сафари Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба Корея сафорати Тоҷикистон дар Корея ифтитоҳ шуда, инчунин созишномаҳои муҳим дар мавриди таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба имзо расид. Имрӯз мо он созишномаҳоро амалӣ хоҳем кард. Машварати имрӯза барои таҳкими ҳамкории байни Тоҷикистону Корея такони ҷиддӣ хоҳад дод»,- илова намуд Х.Холиқназар.
Дар назар аст, ки дар машварат масъалаҳои рушди ҳамгироии иқтисодии Авруосиё ва Осиёи Марказӣ, ташаббусҳои Авруосиё ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Корея ва Осиёи Марказӣ дар фазои тағйирёбандаи иқтисодиёти берунӣ мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Дар машварат маърӯзаи меҳмонони хориҷӣ ва коршиносонӣ дохилӣ дар мавзӯъҳои « Стратегияи ҷавобии Қазоқистон ва оқибатҳои сиёсии он», «Рушди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ», «Иттифоқи иқтисодии Авруосиё ва Қирғизистон», «Рушди стратегии Форуми ҳамкории Корея ва ОМ» шунида хоҳанд шуд.








Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд
АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид






