Хуҷанд: 50 ҳазор сомонӣ грант барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ

Март 1, 2016 14:25

Душанбе, 01.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Қарори раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода «Дар бораи таъсиси грантҳо барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд» ба тавсиб расид. Мутобиқи он дар соли 2016 — 15 гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла 5 грант ба маблағи 5000 сомонӣ, 5 грант ба маблағи 3000 сомонӣ ва 5 грант ба маблағи 2000 сомонӣ барои рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ муайян шудааст.
Грантҳо барои дастгирии ҳунармандон дар самти қолинбофӣ, кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯхти тоқиҳои миллӣ барои ҷавонон, мӯҳрабофӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, қаннодӣ, косибӣ ва гулпарварӣ пешбинӣ шуда, аз тариқи озмун ба беҳтарин лоиҳаҳои пешниҳодшуда дода мешаванд.
Маблағи умумии грант 50 ҳазор сомонӣ буда, он дар арафаи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони озмун супорида мешаванд.

Март 1, 2016 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид