Хуҷанд: Баргузории “Корвони наврӯзӣ” ва “Фестивали лола”
Хуҷанд, 24.03.2016. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода). — Маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд имрӯзҳо ба худ хос намуди идона дорад. Зеро кӯчаву хиёбонҳо, бинову маҳаллаҳо ва мавзеъҳои истироҳатии шаҳр таровати наврӯзиро ба худ касб кардаанд. Имрӯзҳо беш аз 1 миллион гулҳои лолаи “ҳолландӣ” ва ду миллион гулҳои ороишии навъи «Марҷонгул», бо фарорасии гармӣ шукуфта ба шаҳри рӯди Сир ҳусну таровати хоссае бахшидаанд. Бо ҳама ин тайёри шаҳр ба қабули меҳмонон ва таҷлили ҷашни Наврӯз бо баргузории барномаи рангин бо ном “Корвони наврӯзӣ” ва “Фестивали лола” омодагии худро баен медорад.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” масъулин аз мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, омодагӣ ба баргузории “Корвонӣ наврӯзӣ” ва “Фестивали лола” дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, то имрӯз дар ин самт корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд.
Ба иттилоъ манбаъ, чунин хос як корвонӣ наврӯзӣ дар ҷумҳурӣ ва вилоят бори аввал гузаронида шуда, санаи баргузории он 25 март дар назар буда, дар он Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон низ, ки алъон зимни сафари кории худ дар суғд қарор дорад, иштирок хохад кард.
Дар корвонӣ наврӯзӣ, ки дар саҳни майдони назди маркази савдои “Авесто”, воқеъ дар хиёбони маркази Исмоили Сомони қарор дорад, беш аз 6 ҳазор иштирокчи намояндагони ҳама бахшҳои хоҷагии халқ, чи кормандони соххоти гуногун, ва ҳамчунин донишҷуёну толибилмони синфҳои болоӣ, ширкат варзида, дастовардҳои худро ба намоиш гузошта, бо раҳпаймоиву ҳунарнамоӣ, анъанаҳову рақсу бозиҳои миллии аҷдодиро намош хоханд дод.
Иштирокдорон бо либосҳои хоси ягона ва ҳамчунин, духтарон бо либосҳои миллии атлас ва адрас ва чакан баромад хоханд кард. Дар корвони наврузӣ, ки аз 20 қисм иборат аст, дар қатори намоши расму оин, либосҳои тоҷикиву рақсу сурудҳои таҷассумгари миллиамон, инчунин сокинони доираи мамлакатҳои таҷлилкунандаи Навруз низ, чун рақсу сурудҳои эрониву афғонӣ, озариву қазоқӣ, русиву қирғизӣ ва ғр нишон дода мешаванд.
Ҳамчун, имрӯзҳо баҳри дар сатҳи баланд баргузории “Фестивали лола”, дар кучаву хиёбонҳои шаҳр, ки чанде пеш дар он 1 млн лола ва 2 млн 12 намуд гулҳои ороишӣ, ва дар маҷмӯъ 3 млн пиёзакҳои гулу лолаҳо шинонида шуда буданд, алъон шукуфта ба ҳусни намуди шаҳр ва ҷойгоҳи баргузории чорабиниҳои асосӣ намуди дилангезро ба худ бахшидааст.
Дар рафти “Фестивали лола” намоиши гуногуни лолахову гулхои ороишиву хамешасабзи рангоранг ва ҳамчунин намоиши хунархои мардумӣ, хунархои эъчодии рассомону нақшкашон, зардузон, ки дар мавзуъи лола, дар шаклу намудҳо гуногун маҳсули худро офаридаанд пешкаши меҳмононну тамошобинон гузошта мешавад. Дар чорабиниҳои маскур ширкати иштирокчиён аз манотикхои гуногуни кишвар низ дар назар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






