Хуҷанд: мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи Модар
Хуҷанд, 09.03.2016. (АМИТ Ховар).- Бахшида ба Рӯзи Модар дар шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳои мухталиф доир гардид.
Тавре ки ба АМИТ Ховар масъулин аз маркази иттилоотии бахши вилоятии ҲХДТ дар Суғд хабар доданд, дар доираи чорабиниҳои аёдатӣ ва фарҳангиву фароғатӣ дирӯз мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳои шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонони кумитаи мазкур мусобиқаи варзишӣ байни ҷавондухтарони коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Хуҷанд аз рӯи намуди волейбол доир гардид.
Ҳадаф аз ташкили мусобиқаи мазкур-пеш аз ҳама, тадбиқи сиёсати гендерӣ ва баланд бардоштани ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ва рушди тарбияи ҷисмонӣ байни ҷавондухтарон мебошад.
Мусобиқа дар сатҳи хуби ташкилӣ баргузор гардида, дар интиҳо дастаҳои иштирокдор бо медалу ифтихорномаҳои кумитаи мазкур қадршиносӣ шуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






