Иштироки Пешвои миллат дар ифтитоҳи бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара

Март 24, 2016 09:20

Душанбе, 24.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри бостонии Исфара боздид ба амал овард.

Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара оғози расмӣ бахшид.

Зимни шиносоӣ бо шароити бино ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони ин иншоот дар доираи лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» амалӣ гардид.

Бинои маъмурии прокуратураи шаҳри Исфара дар масоҳати умумии 240 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 3,4 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.

Аз ин маблағ 62 ҳазору 200 сомонӣ аз буҷаи маҳаллии шаҳри Исфара ҷудо гардидааст.

Корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Созанда” бо сифати ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ иҷро кардааст.

Бинои мазкур аз таҳхона, 11 ҳуҷраи кории бо тамоми лавозимот муҷаҳҳаз иборат мебошад. Иншоот ҳамзамон ба шабакаи марказии гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.

Атрофи бино бо дарахтони мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо ва бо таҷҳизоти гуногуни равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст. Ин бинои зебо ба шаҳри Исфара ҳусни дигар зам мекунанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин бинои муосирро ба кормандон муборакбод гуфта, онҳоро ба иҷрои садоқатмандонаи вазифаҳояшон ва таъмини волоияти қонун ҳидоят кард.

Март 24, 2016 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон