Иштироки С.Аслов дар Саммити фавқулодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ
Душанбе, 09.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- 7 марти 2016 дар пойтахти Индонезия — шаҳри Ҷакарта ҳамоиши панҷуми фавқулодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) оид ба масъалаи Фаластин ва Қудси Шариф баргузор гардид.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиш вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов аз номи Ҳукумати кишвар суханронӣ карда, мавқеи Тоҷикистонро оид ба ин қазияи меҳварии СҲИ иброз намуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз талошҳои роҳбарияти Фаластин ва мардуми он барои ноилшавӣ ба эътирофи байналмилалӣ пуштибонӣ карда, ба азсаргирии музокироти сулҳҷӯёнаи тарафҳои низоъ дар ҷаҳорчӯби абзорҳои байналмилалӣ, ҷустуҷӯи ҳалли одилона ва устувори масъала даъват ба амал овард.
Дар поёни ҳамоиш эъломия ва қатъномаи Ҷакарта доир ба Фаластин ва Қудси Шариф қабул гардид.
Дар ҳошияи ҳамоиши мазкур мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва вазири корҳои хориҷии Малайзия Датук Сери Анифаҳ Ҳоҷӣ Аман доир гардид.
Ҷонибҳо масоили муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла раванди татбиқи тавофуқот ва созишҳоеро, ки қаблан зимни сафарҳои расмии ҳайатҳои сатҳи олӣ ва баланди ду кишвар ба даст омадаанд, баррасӣ намуда, дар мавриди вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар ҳошияи СММ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






