Камол Насрулло: «Уммеди ман, муҳаббати ман дар Ватан шукуфт»

Март 9, 2016 17:54

Душанбе, 09.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Тоҷикистон, Истиқлолият, Наврӯз ва Модар мафҳумҳое ҳастанд, ки бояд бо дили поку муҳаббати самимона ва лаҳни ширину меҳри беандоза ба забон оварда шаванд, чунки ин мафҳумҳо рамзи давлатдорӣ, озодӣ, фарҳангофаринӣ ва садоқат ба мавҷудоти офаранда-Модар аст», ин нуктаро имрӯз Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло зимни шаби эҷодии хеш дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев изҳор дошт.

Ӯ дар ин базми шеъру суруд шеърҳои тозаэҷод ва офаридаҳои даврони ҷавониашро дар васфи Модар, Ватан, ишқу муҳаббат ва амсоли инҳо қироат намуда, хотири ҳаводорони шеърро болида сохт.

Бахусус, шеъри «Гуфтам Ватан» аз ҷониби муаллиф ва шеъри «Модар» аз забони донишҷӯдухар қироат ва бо садои Афзалшо Шодиев дар ин базми ширу шакар пешкаш шуд, ки аз ҷониби иштирокдорон ба завқ ва муҳаббати хоса қабул гардид.

Гуфтам Ватан, чаман-чаман ин анҷуман шукуфт,

Гуфтам Ватан, чу гул ба лабонам сухан шукуфт.

Гуфтам Ватан, Ватан, ҳама дашту даман шукуфт,

Уммеди ман, муҳаббати ман дар Ватан шукуфт.

Дар шаби эҷодии Камол Насруллло, ки толори Филармония пур аз ҳаводорони шеъри ноби устод буд, инчунин ҳунармандону устодони санъати тоҷик-Афзалшо Шодиев, Хосияти Зарафшонӣ, Файзалӣ Ҳасанов, Алишер Қаноатов, Абдумаҷид Бердиев, ансамбли эстрадии «Гулшан»  ва дигарон аз ашъори шоир шеъру таронаҳо суруданд.

Маврид ба зикр аст, ки шаби эҷодии Камол Насрулло дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи Наврӯзи Аҷам ва Ҳамоиши байналмилалии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз сурат гирифт.

Март 9, 2016 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст