Комёбии донишҷӯёни Қурғонтеппа дар озмуни ҷумҳуриявӣ

Март 25, 2016 16:28

Қурғонтеппа, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар) -Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият баромад намуда, дар байни 33 мактаби олии кишвар ва 300 донишҷӯ ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар 12 самти илмӣ як ҷойи аввал ва Ҷоми Академияи илмҳоро дар соҳаи иқтисодиёт, як ҷойи дуввум дар соҳаи таърих, се ҷойи сеюм дар соҳаҳои ҳуқуқшиносӣ, фалсафа ва забону адабиёти тоҷикро соҳиб  шуданд. Ду донишҷӯи донишгоҳ барои иштироки фаъол бо ифтихорномаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.

Март 25, 2016 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад