Конфронси «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» дар ПИТФИ
Душанбе, 18.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ конфронси илмӣ- амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» баргузор гардид.
Дар конфронс директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода иброз дошт, ки баъд аз пайдоиши Наврӯз наврӯзшиносӣ низ зина ба зина инкишоф ёфт ва имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, Тоҷикистон яке аз давлатҳои ташаббускор ба шумор меравад,ки дар ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми беназир дошт.
Ҳамчунин дар конфронс доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмадов, номзади илмҳои таърих Абубакр Зубайдов ва номзади илмҳои филологӣ Абдумуъмин Қутбиддинов доир ба суннатҳои наврӯзӣ ва Наврӯзи аҷдодӣ дар назми иҷтимоии муосир маъруза намуданд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






