Курси такмили ихтисос барои мутахассисони шуъбаҳои ҳуқуқ

Март 29, 2016 16:53

Душанбе, 29.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- «Тартиби таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мақомоти давлатӣ» таҳти чунин унвон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос оғоз гардид. Курси мазкур барои сармутахассисон ва мутахассисони шуъбаҳои ҳуқуқи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ роҳандозӣ гардида, то 2 апрел идома меёбад.
Тӯли як ҳафта ба шунавандагон доир ба мавзуҳои заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мақомоти давлатӣ, зарурати баррасии муроҷиати шаҳрвандон, қоидаҳои таҳияи дастурамали мансабӣ дарсу мубоҳисаҳо гузаронида хоҳанд шуд.

Март 29, 2016 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст