М.Қосимова: Болои суманакро бо 7 қабат чиз пӯшонида, барои ҳар қабат дуоҳои нек бояд кард

Март 19, 2016 12:33

Душанбе, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мардуми меҳмоннавоз  ва фарҳангпарвари тоҷик ҷашни Наврўзро ҳамчун мероси гаронмоя ва арзишмандтарини ниёгони хеш гиромӣ дошта, ҳамасола онро бо шаҳомати хосса таҷлил менамояд. Шаҳомати Наврўзи бостонӣ дар баробари ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги мардуми эронитабор буданаш сокинони баъзе аз манотиқи сайёраро нагузошт, то онҳо аз таҷлили он дар канор бошанд. Ҳамин аст, ки қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ, давлатҳои Қафқоз, Ҳинду Покистон, Давлатҳои Араб дар миёни унсурҳои фарҳанги миллии хеш барои Наврўз ҷойи намоёнеро муносиб донистанд.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми мо ба ҳисоб меравад. Бештари урфу одат ва анъанаҳои миллии мо аз ин ид сарчашма гирифтаанд. Зане, ки қариб 100  Наврӯзро паси сар кардаву аз урфу одатҳои наврӯзӣ огаҳии бештар дорад, ҳунарманди мардумии  Тоҷикистон, интирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ, қаҳрамонзан, модар ва бибию бибикалон Мушаррафа Қосимова мебошад. Ин зани шинохта  имрӯз ба синни мубораки 98 расида, насиҳатгару маслиҳатдеҳи фарзандону набераву аберагони худ мебошад.

Тавре ки Мушарафа Қосимова мегӯяд,  дар тӯли зиндагии худ вай  чандин наврӯзҳоро аз сар гузаронидаасту одам дар зиндагӣ лаҳзаҳои хуби сипаришударо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекардааст.

«Яке аз наврӯзҳои хотирмон бароям ин ҳангоми  7-8 сол доштанам буд, ки  доим онро  ба хотир меорам.  Дар он замон  низ мо Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирифтем ва аз зиндашавии табиат хурсанд мешудем. Яке аз анъанаи он замон дар  рӯзи Наврӯз ба фарзандон пӯшонидани либоси нав буд. Ҳамон сол падарам як рӯз пеш аз Наврӯз ба модарам матои шоҳии кабуд оварданд, то ба ман курта дӯзанд. Модарам то саҳар куртаи манро дӯхта, саҳар барвақт ба ман онро ҳадя карданд. Хурсандии ман ҳадду канор надошт. Саҳар падарам ба мо гуфтанд, ки як пиёла чой нӯшему барои рафтан тайёр шавем, таоми боқимондаро дар саҳро, дар оғӯши табиат мехӯрем»,- ба хотир овард ҳунарманд.

Лаҳзае ба сукут рафта, ин зани соҳибҳунар боз нақли хотираҳояшро идома дод: «Мо фарзандон бо як гурӯҳ ҳамсояҳо ҷамъ шуда, ба як теппае, ки аллакай сабз шуда буд, баромадем. Аз болои он теппа тамоми шаҳр чун дар кафи даст ба чашм мерасид. Мо ҳама боло баромадем ва дидем, ки  он ҷо дигарон низ ҷамъ шуда буданд. Ҳама ба замин қолинчаю кӯрпача партофта, дастархон ороста буданд. Калонҳо дар гирди дастархон нишаста, суҳбат доштанду бачаҳо дар атроф бозӣ мекарданд. Мо ҳам қолинчаамонро партофта, дастархонро оро додем. Бибиам маро наздашон ҷеғ зада гуфтанд: «Ҳозир ман туро аз ин баландӣ ба поён меғелонам, ту боз натарсӣ. Вақте ки ба поён расидӣ, мехезӣ ва ана баъд аз ин духтари калону боақл мешавӣ. Замин бошад тамоми касалиҳоятро мегирад ва қуввати замин ба ту хоҳад гузашт». Ман ба бибиям нигоҳ карда «не, не»,- гуфтам,- «охир ин куртаи навам ифлос мешавад, медарад»,- гӯён рад кардам. Бибиям: «Ба куртаат чизе намешавад, ин ҷо қолин аст-ку»,- гӯён ба сабзаҳои рӯи замин дасташонро гузошта, кафи дасташонро ба ман нишон дода, афзуданд:- «Ин сабза тоза аст». Баъдтар ман фаҳмидам, ки ин анъанаи наврӯзӣ будааст,  кӯдаконро дар рӯзи Наврӯз бо тарафи рост аз баландӣ ба поён бояд меғелондӣ,  кӯдак бояд ҳафт бор ғелида, баъд аз ҷояш хезад. То ғелидани кӯдакон пирон дуо мекардаанд, то тани фарзандонашон доимо сиҳат бошад. Ман ҳам аз болои тепа ғелида, ба поён омадаму даррав хеста, пешу паси куртаамро  аз назар гузаронидам, ки мабодо  чиркин нашуда бошад? Баъд боз ба назди оилаамон баромадам. Баъди анҷоми ин ҳама анъана ҳама назди дастархон ҷамъ омада, таомҳои идона хӯрдем. Баъдтар падарам моро барои чидани гулҳо фиристод ва мо ба талу теппаҳо рафта, гули бойчечак чида овардем. Боз як анъанаи наврӯзӣ- ин ба чашм молидани гули бойчечак буд. Бибиям гулро гирифта, ба чашми худашон ва мо молида, дуо карданд. Пирон дар ин рӯзҳо ҳама ҷавононро назди худ шинонда, аз гузаштаи худ нақл мекарданд, насиҳат мекарданду дуои нек медоданд. Пас ҳама ба хона баргаштему занҳо ба тайёр кардан ва пухтани суманак шурӯъ карданд. Ҳамон рӯз ҳама дар гирди деги суманак бо доиразаниву сурудхониву рақскунӣ то саҳар суманакро тайёр карданд».

Дигар анъанаву одатҳои наврӯзии он давр ва тарзи  тайёр кардани суманакро  Мушаррафа Қосимова ба хотир оварда, иброз намуд, ки яке аз анъанаи хуби наврӯзӣ- ин бо ҳам ҷамъ омадани хешу таборон ва ҳамсояҳо мебошад.

«Ман пас аз оиладор шудан ҳам омад- омади Наврӯзро дӯст медоштам. Он вақтҳо чун анъана суманакро калонҳо тайёр мекарданду мо ҷавонон ба онҳо кумак мерасонидем. Занҳои солхӯрда сабзаи суманакро сабзонида, минбаъд шираи онро мегирифтанд ва баъд ба пухтани он шуруъ мекарданд. Боз як анъанаи ин рӯз дар гирди деги суманак гирд омадани келинчакҳо мебошад. Ҳар яки онҳо деги суманакро кофта, ягон ният мекарданд. Пӯшидани болои суманак пас аз тайёр шудан ҳам худ як қонуну қоида доштааст. Дар ҳамон рӯзҳо занҳои ботаҷриба ба мо ёд медоданд, ки пас аз пухтани суманак аввал шохҳои сабзи дарахтонро чида, ба болои дег бояд гузорем, ба болои он шохҳо дастархони махсус партофта, баъдан кӯрпаю боқимонда чизҳоро дам кунем. Умуман болои суманакро бо 7 қабат чиз бояд пӯшонид ва  ҳар як қабатро  дуоҳои нек карда бояд пӯшонд.  Пас аз дам хӯрдан, суманакро боз калонҳо бояд кушоянд ва ҷавонҳо онро байни ҷамъшудагону ҳамсояҳову хешу таборон тақсим кунанд»,-аз рӯзҳои ҷавониаш ёдовар шуд ин зани пуртаҷрибаю рӯзгордида.

Имрӯз ин зан худ   пири кор шудаасту  ба ҷавонон аз урфу одатҳои миллӣ сухан мегӯяд ва ба онҳо анъанаҳои тоҷиконаро меомӯзонад.  Бино ба гуфтаи мусоҳиб имрӯзҳо фарзандонаш  калон шудаанду соҳиби набераю абераи зиёд гаштааст. Ҳамаи онҳо дар  рӯзи Наврӯз  дар назди ин зани меҳрубон  ҷамъ омада, дастархони идона меороянд. «Дар чунин рӯзҳо ман чун бибӣ ба фарзандону наберагон аз гузашта нақл мекунам, онҳоро насиҳат карда, ба онҳо дуои нек медиҳам. Дар ин рӯзҳо маро ба хонаи маъюбон, ба хонаи хешу табор ва ҳамсояҳое, ки нияти пухтани суманак доранд, даъват мекунанд, то ман ба онҳо дар ин кор маслиҳату дуо диҳам. Фарзанд ва наберагонам, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, кӯшиш мекунанд дар ин рӯз ба Ватан омада, Наврӯзро бо ман пешвоз гиранд. Дар рӯзҳои наврӯзӣ кормандони театр, ҳунармандони ҷавон ба наздам омада, дуои нек мегиранд»,- мегӯяд табассум карда М.Қосимова.

Ба андешаи ин ҳунарманд   дар тарбияи фарзанд модар саҳми калон мегузорад. Модарони ҷавон бояд ба фарзандон на танҳо модар, балки дӯсти наздик бошанд. Аз хурдӣ дар тарбияи онҳо саҳм бояд гузоранд. Бояд дар дили фарзандон меҳр ба Ватан, ба хоҳару бародар, наздикон ва калонсолонро чой кунанд. «Яке аз насиҳатҳои ману шавҳарам ба фарзандонамон дар хурдии эшон он буд, ки салом додан ба шиносу ношинос ва эҳтироми кулли калонсолон савоб аст. Чунин насиҳатҳо зиёданду имрӯз ҳам падару модарон бояд ҳар рӯз фарзандонашонро насиҳат кунанд, то онҳо чун шахсони баору номус калон шаванд»,-маслиҳат дод ҳунарманди шинохта.

Дар фарҷоми суҳбат Мушаррафа Қосимова  ҳамаи ҳамдиёрон, дӯстону наздиконро бо ин рӯзҳои шукуфоии табиат табрику таҳният гуфта, ба ҳама умри дароз ва зиндагии ширин таманно намуд.

«Наврўз, ки яке аз идҳои зеботарин ва бахшандаи рўҳу равони тоза ба инсоният аст, имсол боз ба сарзамини тоҷикон қадамҳои аввалини хешро гузошт, то пайки шукуфоию ободониро ба мардуми мо бирасонад. Илоҳо  Тоҷикистон доимо ободу осоишта бошад,  ҳар рӯз, ҳар нафаси ҳама дар байни дӯстону фарзандон бо хушиву хурсандӣ гузарад. Омин!»,-гӯён даст ба дуо бардошт ин зани пуртаҷрибаи тоҷик.

 

 

 

Таҳияи  Лайло Тоирӣ

 

 

Март 19, 2016 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавсеи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир баррасӣ шуд
Оид ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Хатлон ҷаласа доир гардид
Вобаста ба инноватсия, мушкилоти экологӣ ва технологияҳои каммасраф дар нақлиёт конференсия доир шуд
Доир ба мақомоти гумрук ва нақши он дар таъмини бехатарии иқтисодӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
Тарофаи «Диёр 55» тарофаи дӯстдоштаи муштариёни «Анор» шуд
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Коллеҷи тиббӣ ба фасли зимистон омода шудаанд
Дар Мурғоб ва Ванҷ Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳайати Ҷумҳурии Арабии Миср дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон шинос гардид
Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол гардид
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок доранд
Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида шуд