Машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ

Март 1, 2016 17:00

Душанбе, 01.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Кормандони хадамоти давлатии оташнишонии ВКД барои беҳтар гардонидани нишондодҳои самаранокии кор, пеш аз ҳама, сайқал додани маҳорати касбӣ-оташнишонӣ ва омодагии оташнишонону дастаҳои идоравии оташнишонии корхонаю иншооти гуногун кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Аз тарафи кормандони сарраёсат дар ҳамбастагӣ бо кормандони хадамоти оташнишонии шаҳри Ваҳдат ва кормандони муассисаи тандурустии ноҳияи Ваҳдат дар Беморхонаи марказии шаҳри мазкур машварат доир шуд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони хадамоти оташнишонӣ ба ҳозирин омилҳои сар задани сӯхтор, пешгирии он ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор омӯзонида шуда, инчунин ба онҳо филм дар мавзӯи бехатарӣ аз сӯхтор намоиш дода шуд.
Баъд аз ҷамъомад кормандони хадамоти оташнишонӣ дар таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат машқи тактикӣ-оташнишонӣ бо истифода аз нақлиёти оташнишонӣ гузаронида, дар якҷоягӣ бо дастаи идоравии оташнишонии таваллудхона сӯхтори шартиро дар муддати кӯтоҳ хомӯш намуда, бори дигар исбот карданд, ки онҳо дар ҳама ҳолат омодаанд бар зидди ҳама гуна ҳодисаҳои ногувор, аз ҷумла сӯхтор мубориза баранд.
Чунин як чорабинии зидди сӯхторӣ дар муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ бо роҳбарияту мутасаддиён, сардорони шуъбаҳо ва кормандони тиб гузаронида шуд.

Март 1, 2016 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия