Мастчоҳ: Кадрҳо муаррифгари диёранд
Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар).- Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода бо донишҷӯёни ин ноҳия, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода чунин вохӯрии судмандро, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон таъсири мусбат мерасонад, амали нек арзёбӣ кард ва афзуд, ки дар ин кохи маърифат низ намояндагони ин маҳали кӯҳистон таҳсили илм доранд ва бо хониши аъло ва интизоми намунавӣ худро муаррифӣ кардаанд.
Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода иброз дошт, ки феълан аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 470 нафар дар макотиби олии кишвар таҳсил доранд, ки аз ин 137 нафараш духтар аст. Тибқи квотаи президентӣ 140 нафар писарону духтарони ноҳия таҳсили илм доранд.
Дар соли 2015 муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияро 307 нафар хатм карда, аз ин 110 нафар аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ва 22 нафар ба воситаи квотаи президентӣ ба макотиби олии кишвар дохил шуда, сарбаландона таҳсил доранд. Раиси ноҳия, ҳамчунин аз оилаҳои намунавӣ, ки дар таълиму тарбияи фарзандони бомаърифат ва некном ҳисса доранд, ёдрас шуда, зиёд шудани сафи ин қабил хонаводаҳоро дар рушду нумуи кишвар ва таълиму тарбияи ҷавонони баору номуси миллат нек арзёбӣ кард.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки ҳар як маконро тавассути мардон ва кадрҳои он мешиносанд. Бинобар ин барои худ барнома ва ё ҳадафе бояд сохт, то ки ҳар рӯз чанд хиште ба кохи дониш зам шавад.
Дар фарҷом ба ҳамаи донишҷӯёни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки 240 нафарро ташкил медоданд, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мукофотпулӣ супорида шуд ва он нафароне, ки дар хобгоҳҳои макотиби олӣ зиндагӣ мекунанд, бо маводи хӯрокворӣ таъмин шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст






