Меҳрномаи модар

Март 2, 2016 16:24

Душанбе, 02.03.2016.(АМИТ «Ховар»). -Модар мегӯему симои нуронии як шахси ба дил наздику азиз ҷилвагар мешавад. Барои фарзанд меҳрубонтар, ғамхортар, дилсӯзтар касе ба ҷуз модар вуҷуд надорад. Оё мо ҳамеша ба қадри ӯ ва заҳматҳояш мерасем? На ҳама вақт, баъзан мешавад, ки аз бедиққативу бетаваҷҷуҳии худ хотири модарро озурда месозем. Модар бо бузургии худ метавонад моро бубахшад. Аслан як соли умр 365 рӯзро дар бар мегирад. Мо бошем аз ин ҳамагӣ як рӯзашро ба модар бахшидаему танҳо дар ин рӯз модарро ба хотир меорем, барояш туҳфа мехарем, таваҷҷуҳ мекунем ва ин рӯзро «Рӯзи Модар» номидем. Барои модаре, ки ба мо ҷон бахшид, шабҳо нахуфт, бо аллаҳояш моро навозиш кард, бо дасти меҳрбораш сарамонро сила кард, барои ҳар як дарди мо шабҳои дароз баробарамон дард кашид, магар ин кам нест? Дар ҳақиқат беҳуда нагуфтаанд:

Як шаба он ранҷ, ки Модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Албатта, барои модари бузург фақат як рӯзро ид кардан кам аст. Меарзад, ки барои модари азиз ҷонатро фидо созӣ, зеро дар олам бузургтар аз меҳри модар қуввае нест, ки фарзандро бо тамоми мавҷудияташ фаро гирад. Бигзор модарону хоҳарони мо ҳамеша обод бошанд ва дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ тасаллобахшу ғамхору навозишгари мо бошанд.

Ба нураш гарчи ин хуршеди Ховар,
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар.
Намегардад валекин он баробар.
Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар.

Аслан ҳар шахс ба қадри фаҳмишу парастиши худ метавонад дар қалби худ нисбат ба модар эҳсоси гуворо дошта бошад ва он эҳсосоти қалбии худро бо ҳар роҳ пеши модар ифшо созад. Ҳама вақт ва ҳама рӯзи зиндагӣ метавонад барои таваҷҷуҳ зоҳир кардан нисбат ба модари азиз фурсати муносиб бошад. Барои ин ҷашни зодрӯз ҳаст, солгарди зиндагии муштараки волидайн ва чандин ҷашну рӯзҳои пурфараҳи зиндагӣ мавҷуданд, ки модару хоҳару ҳамсар ва тамоми бонувонро болидарӯҳ гардонем. Ҳастанд нафароне, ки дар ин рӯз низ туҳфа он тараф истад, ҳатто як ҳарфи хубу гуворои худ, як сухани фараҳбахшро барои модари худ раво намедоранд.

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,
Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

Модар мисли шеър муқаддас аст. Тамоми мардуми олам нисбат ба модар меҳри беандоза доранд. Муҷассамаи модарро бо тамоми бузургиаш офаридаанд ва назди модар мо ҳама оҷизем. Модар беназир ва дар ҳамаи лаҳзаҳо нозбардори фарзанд аст ва моро мебояд, ки ҳамеша ӯро парастиш намоем, таваҷҷуҳи зиёде нисбаташ зоҳир кунему барояш зиндагиро гуворотар гардонем.

Аз ҳама дар рӯи олам ғамбарорам модарам,
Мисли гул андар чаман боғу баҳорам модарам.
Нексиришту нексухан доим бувад ҳамроҳи ман,
Лаҳзае дур гардӣ, он дам бемадорам модарам.
Меҳри ту дар қалби ман, ҷои ту дар кунҷи дилам.
Дар шаби тор аллаатро интизорам модарам .
Бош доим дар барам, эй дурру гавҳар, ахтарам
Ту маро танҳо намон, бе ту бимирам, модарам!

Барои модар ҳар қадаре, ки ғамхориву диққату меҳрубонӣ зоҳир намоӣ, боз ҳам кам аст, зеро модарон бузурганду муқаддас. Асосан барои модарон туҳфаи мо муҳим нест. Аз ҳама муҳим нисбат ба онҳо — ин таваҷҷуҳу эҳтироми самимӣ мебошад.
Ҳар субҳ чун аз хоб хеста, чашмони зебои модар ва табассуми ба худаш зебандаи ӯро мебинем, бояд, ки бароямон ид бошад ва бо дуои модар аз дари хона берун шудану бобарору пурсамар гузаштани он рӯз худ як давлат аст. Аслан гумон намекунам, ки фақат рӯзи 8-март Рӯзи Модар аст. Инсон тамоми рӯзҳои моҳу сол метавонад модари азиз, хоҳари меҳрубон ва ҳамсари қадрдонашро мавриди таваҷҷуҳи худ қарор диҳад. Моро мебояд ҳастии худ, буду набуд, барору комёбиҳо ва тамоми дастовардҳоямонро ба модарони азизамон бахшем.

Cад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар!

Рӯзи Модарро барои тамоми модарони Тоҷикистон самимона табрик мегӯем.

Таҳияи Меҳрони Қурбон

Март 2, 2016 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон дар Ёвон 9 варзишгари ноҳия сазовори ҷойи намунавӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад