Мониторинги зараррасонҳои пахта

Март 29, 2016 16:34

Душанбе, 29.03.2016. (АМИТ «Ховар»). – Дар соли 2015 аз ҷониби олимон-энтомологҳои Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо олимони Институти экология ва ҷуғрофияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади ба роҳ мондани мониторинги зараррасонҳои пахта дар ноҳияҳои Бохтар, Рўдакӣ, Ҳисор ва Қабодиён домҳои рушноӣ насб карда шуд.
Ин имконият дод, ки мониторинги зараррасонҳои пахта дар майдони 20 га заминҳои киштзор ба роҳ монда шавад. Аз моҳи апрел то аввалҳои июл парвози шабонарўзии шабпалакҳои бумчашм дар минтақаҳои дар боло зикршуда, гузаронида шуд. Дар оянда якҷоя бо олимони Институти экология ва ҷуғрофияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин маълумоти гирифташуда, барои таҳия намудани пешгўии паҳншавии шабпалакҳои бумчашм дар киштзорҳои кишоварзии ин ноҳияҳо истифода бурда мешавад.

Март 29, 2016 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст