Мулоқоти Азим Иброҳим бо ноиби президенти «Аэробус»

Март 19, 2016 15:07

Душанбе, 19.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дирӯз бо ноиби президенти Ширкати «Аэробус» Силвере Делануей мулоқот кард.

Дар мулоқот масоили вобаста ба иҷрои мувофиқаҳои зимни вохўрии  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти ин ширкати бонуфузи аврупоӣ дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ба даст омада,   мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ноиби президенти Ширкати «Аэробус» Силвере Делауней бо қаноатмандӣ таъкид кард, ки  ҳоло  як  ҳайати бонуфузи роҳбарият ва коршиносони Ширкати «Аэробус»  бо  мақсади  ба роҳ мондани  ҳамкориҳои дуҷонибаи  судманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  дошта, масъалаи мустақим пешниҳод намудани тайёраю чархболҳо ва бо ин тартиб ворид гардидан ба бозори хизматрасонии интиқоли мусофирон  ва боғоҷро  аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омўзиш қарор медиҳанд ва  нияти васеъ гардонидани фарогирии ҷуғрофии ҳамкорӣ ва фароҳамсозии  заминаи мусоиди  тақвияти ин муносибатҳоро доранд.

Дар идомаи гуфтушунид оид ба нишондиҳандаҳо ва афзалиятҳои техникии тайёраҳо ва чархболҳои  мусофиркаш вобаста ба талаботи мутобиқ ба шароити кўҳсор табодули афкори судманд баргузор шуд.  Муовини сарвазири мамлакат ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаро бо шарту шароити манфиатбор аз афзалиятҳои ҳамкории минбаъдаи дуҷониба арзёбӣ намуда, изҳори итминон кард, ки барои расидан  ба марҳилаи нави ҳамкорӣ  имконияту  захираҳои  мавҷуда  самаранок  истифода бурда   мешаванд.

Ҳайати намояндагони  Ширкати «Аэробус»  аз пазироии самимии  ҷониби Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, пешниҳод намуданд, ки дар доираи   имконияти ширкат, бо мақсади тақвияти муносибатҳои минбаъда,  масъалаи  омода   кардани  ҳавонавардҳо, мутахассисони  таъмиргар  ва  ҳайати  хизматрасони  тайёраю  чархболҳо низ дар мадди назари аввал қарор дода мешавад.

 

Март 19, 2016 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад