Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо ҳайати намояндагони БАНР ва БОСИ

Март 1, 2016 16:54

Душанбе, 01.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз муовини якуми сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид бо ҳайати намояндагони Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд (БАНР) ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили марбут ба рушду тавсеаи ҳамкории молиявӣ барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сохтмони инфрасохтори роҳу нақлиёт, бунёд ва навсозии роҳҳои мошингард, аз ҷумла навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, қитъае аз чорроҳаи хиёбони Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе то дарвозаи ғарбии пойтахт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Стратегияи миллии рушд ба масъалаи дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасонии босифати роҳу нақлиёт аҳамияти зарурӣ дода, дар ин соҳа ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот омодагию ҳавасмандии худро барои татбиқи босифат ва саривақтии ҳамаи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид намуданд.

Март 1, 2016 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид