Муомилоти ғайриқонунӣ бо моддаи кимиёвӣ
Душанбе, 26.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- 23-юми марти соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 26-солаи шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо моддаи кимиёвӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда мувофиқи хулосаи мутахассисони соҳа 224,2 грамм металли симоб дарёфт ва мусодира шуд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда металли мазкурро аз сокини 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ба маблағи 10000 доллари амрикоӣ харид намудааст.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш дар ин самт давом дорад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






