Мурғоб: «Ҷавонон ҳаёти солимро интихоб менамоянд»-мусобиқа

Март 28, 2016 11:24

Душанбе, 28.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Барои дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои асосии «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва нақшаи чорабиниҳои асосии АНМН назди Президенти ҶТ барои нимсолаи якуми соли 2016 бо ташаббуси кормандони шуъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ 25-уми марти соли 2016 дар майдончаи варзишии Шуъбаи РАНМН-и ноҳияи Мурғоб мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш иштирок намуданд. Мусобиқаи варзишӣ таҳти шиори «Нест бод нашъамандӣ» дар байни ҷавонони ноҳия баргузор гардида, дар хотима ба ғолибони он аз тарафи сардори шуъбаи РАНМН дар ноҳияи Мурғоб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
Аз тарафи кормандони шуъбаи мазкур дар оянда низ чунин чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ таҳти шиори «Ҷавонон ҳаёти солимро интихоб менамоянд» гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон дар моҳҳои феврал ва марти соли равон дар як зумра мактабҳои ноҳияи Мурғоб аз тарафи кормандони шуъбаи РАНМН дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ чорабиниҳо доир ба мавзӯи нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва терроризму экстремизм гузаронида шуданд.

Март 28, 2016 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад