Намоиши ҳунарҳои дастии бонувони Хатлон
Қурғонтеппа, 09.03.2016. (АМИТ «Ховар).-Дар шаҳри Қурғонтеппа бахшида ба Рӯзи Модар дар Кохи Ватан маҷлиси ботантана баргузор гардид.
Қабл аз шурӯи чорабинӣ намоиши китобҳо таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» ва намоишу фаъолияти ташкилоти ҷамъиятӣ таҳти унвони «Нақшу мақоми зан дар ҷомеа» доир гардид, ки аз он раиси вилоят дидан намуд.
Дар намоиши мазкур фаъолияти бонувони Хатлон, ҳунарҳои дастӣ, корҳои хонаводагӣ, дастгирии лоиҳаҳо ва муаррифии фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии занона нишон дода шуд. Дар чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии занона аз наздик шинос шуда, ба он баҳои баланд дод. Занон аз дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён намуданд.
Раиси вилоят саҳми занонро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баланд арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки барои дастгирии занон грантҳои раиси вилоят ҷудо мешаванд ва бонувону модарони Хатлон, дар симои онҳо ҳамаи модарони Тоҷикистонро бо Рӯзи Модар муборакбод намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






