Намоишнома бахшида ба 75-солагии Нур Табаров
Душанбе, 09.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Ҳунармандони театри мусиқӣ -мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон бахшида ба 75-солагии Нур Табаров, адиби шинохтаи тоҷик намоишномаеро бо номи «Хуса» омода намуда истодаанд, ки рӯзҳои наздик пешниҳоди дӯстдорони театр мегардад.
Аловиддин Абдуллоев роҳбари театр, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон зикр намуд, ки муҳтавои намоишномаи «Хуса» басо ҷолибу пурмазмун буда, бахиливу нотавонбинӣ, ҳасудхуриву дурӯягӣ, ноҳақиву носипосӣ барин хислатҳои манфури инсонҳоро тасвир намуда, бинандаро ба некию накукорӣ, ростқавлию поктинатӣ ва адолатпарастӣ ҳидоят менамояд.
Намоишнома дар таҳияи коргардони ҷавони театр Эраҷ Султонзода рӯи саҳна омода, дар он ҳунармадони ҷавон нақш меофаранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






