Намояндаи Узбекистон дар васфи Пешвои миллат шеъри тозаэҷодашро қироат кард
Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ «Ховар»). – «Имрӯзҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳо мардуми Узбекистон низ Наврӯзро ҷашн гирифта истодаанд. Замоне буд, ки ҷашни Наврӯзро манъ карда буданд. Имрӯз пас аз ба даст овардани истиқлолият ва дастгириҳои беназири Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми олам Наврӯз ҷашн гирифта мешавад»,-гуфт намоянда аз Ҷумҳурии Узбекистон профессор, А. Қамарзода дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиён, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор гардид.
Ба гуфтаи А. Қамарзода Наврӯз ҳамчун иди умумихалқӣ дар кишвари Узбекистон ҳам ҷашн гирифта мешавад. «Вале он Наврӯзе, ки имрӯз мо дар диёри тоҷикон мебинем, шукӯҳу шаҳомати дигар дорад. Мо чанд рӯз аст, ки шоҳиди тантанаҳои пеш аз наврӯзӣ ҳастем. Мо пеш аз ин ҳамасола ҷашни Наврӯзи Тоҷикистонро тариқи телевизион тамошо мекардем. Имрӯз мо ҷашни Наврӯзро бо чашми худ дидем ва аз шаҳомати он дар ҳайрат мондем. Дар бораи наврӯз чанде гӯем кам аст, имрӯз дар ин минбар шеъру таронаҳои зиёд қироат карда шуд. Мо аз дастовардҳои миллати тоҷик хеле хурсандем. Қадамҳое, ки Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу ваҳдат мениҳад, доимо моро ба ваҷд меорад. Ин ҷо ман чанд сатр аз қаъри дил барои Пешвои тоҷикон бо номи «Эмомалӣ Раҳмон-Сарвари тоҷикони ҷаҳон» навиштаам ва мехоҳам қироат кунам:
Эмомалии Раҳмон номат ба корат муносиб ончунон,
Модару падар ин номро дода, бо хости Худои меҳрубон.
Аллоҳро шукр мегӯем, мо аз субҳи содиқ то ба шом,
Мисли ту Сарвари оқил доранд тоҷикони ҷаҳон…»,-гӯён, шеъри тозаэҷодашро ба ҳозирин пешкаш кард А.Қамарзода.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






