Наврӯз пайвандагари наслу асрҳост
Хоруғ, 21.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз субҳи содиқ сокинону меҳмонони шаҳри Хоруғ ба сӯи боғи фарҳангию фароғатии шаҳр мешитобиданд, то барои худ ва оилаашон макони муносибтар барои тамошо интихоб намоянд. Косибону кишоварзон, наққошону дарздӯзон, дуредгарону кандакорон, ошпазону сангтарошон саъй мекарданд, ҳарчи зудтар маҳсулоти худро рӯи миз барои тамошо ва фурӯш гузоранд. Аммо таваҷҷуҳи мардум аз ҳама бештар ба сӯи гӯшаи дигари боғ, ки он ҷо кӯдакону наврасон гирди ҳам омада, бозию маросими комилан хоси наврӯзиро иҷро мекарданд, равона шуда буд. Хурду калон, мизбонону меҳмонони базми наврӯзӣ бо шавқи беандоза шулибозию кабкҷанг, арғуштравию санҷакбозӣ, хурӯсҷангу лашбозиро тамошо карда, ҳамроҳ бо кӯдакон шодӣ менамуданд.
Доктори улуми филологӣ Назрӣ Офаридаев гуфт, ки ҳамин аст бузургию шаҳомати Наврӯз. Ин ҷо ҳама озоду баробаранд. На касе мегӯяд, ки ту хурдию ман бузург ва ё баръакс ман бузургаму ту хурд. Ин ҷо танҳо меҳр асту муҳаббат, самимият асту садоқат ва ҳамбастагӣ асту вахдат. Ва Пешвои миллат дар Ҳамоиши байналмиллаии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни кишвар барҳақ фармуд, ки: «Ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро бо ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад».
Дар замони шӯравӣ аввал кӯшиш карданд, ки ин идро аз зеҳну тафаккури мардум дур андозанд, чун натавонистанд, боз саъй намуданд ба он қабои сиёсӣ пӯшонанд. Дар ҳамоиши дирӯза Сарвари кишвар дар ин бора ҳам ёдоварӣ карда, баён дошт, ки: «Наврӯз сирф хусусияти фарҳангӣ ва инсониву мардумӣ дорад ва ҳеҷ зарурате ба сиёсӣ кардан надорад».
Наврӯз дар Бадахшон азизтарин ва беҳтарин ид ба шумор меравад ва онро одатан «хидираём», яъне иди бузург меноманд. Ба гуфтаи устоди ДДХ, коршиноси масоили фарҳангӣ Аловуддин Шоинбеков- ин ягона ҷашнест, ки чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз мардум бидуни ягон таргибу ташвиқ аз соати чаҳори субҳ бо маросими аловпарак онро истиқбол мегиранд. Яъне аввал тану қалби худро дар оташ пок намуда, баъд манзилашонро тамиз мекунанд ва сипас ба Наврӯзгоҳ мераванд.
Рӯзи 22 март иди Наврӯз дар маркази ноҳияи Шуғнон бо баргузории мусобиқаҳои аспдавонию бузкашӣ таҷлил мегардад. Рӯзи саввум сабқат миёни беҳтарин паҳлавонони вилоят аз намуди гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯшон доир мешавад.
Ҳамин тариқ, ҷашнгирии иди Наврӯз дар деҳоти вилоят як ҳафта идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






