Нокомӣ дар Лубнон
Душанбе, 9.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии дуввуми худ дар рақобатҳои Ҷоми КФО аз клуби футболи “Тараблус”(Триполӣ)-и Лубнон бо натиҷаи 2 бар 1 ба мағлуб шуд. Новобаста ба он, ки футболбозони мо дар нимаи аввал ба бартарӣ соҳиб буданд, натавонистанд лаҳзаҳои хуби голзаниро истифода баранд. Дар нимаи дуввум Акмал Холматов ба ҷои Ҷаҳонгир Ҷалилов ба майдон омад ва бо паси нозук тӯбро ба Александр Каблаш партофт ва ҳамлагари “Истиқлол” ин фурсатро бо задани гол ҷамъбаст кард. Хурсандии футболбозони мо ҳамагӣ се дақиқа идома ёфт. Абдулазиз дар дақиқаи 58-ум натиҷаи бозиро мусовӣ кард. Манучеҳр Ҷалилов дар ин бозӣ ду имконияти олии голзаниро аз даст дод ва Валид Фаттоҳ, ки нав ба бозӣ даромада буд, дар дақиқаи 87-ум голи ғолибияти соҳибони майдонро аз масофаи дур ба нишон расонд. Дар ин ҳолат дарвозабони “Истиқлол” ба хатогӣ роҳ дода, аз дарвоза хеле дур рафта буд. Ба ҳамин тариқ “Тараблус” ба аввалин ғалабаи худ дар гурӯҳи “Б” ноил шуд.
Дар ин гурӯҳ “Алфайсалӣ”-и Урдун дар майдонаш бар “Нафт Алвасат”-и Ироқ бо ҳамин натиҷаи 2 бар 1 пирӯзӣ ба даст овард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






