Оғози Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқоти Пешвоми миллат бо зиёиёни мамлакат
Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар Кохи Борбади пойтахт мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар чун анъанаи накӯи наврӯзӣ дар арафаи ин ҷашни фархундаи ҷаҳонишуда оғоз гардид.
Дар мулоқот шумораи зиёди аҳли зиёи мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ — иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи наврӯз, ки имсол дар Тоҷикистон баргузор мегардад, иштирок доранд.
Чорабинии идонаи имрӯза бо ворид шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори бошукуҳи Кохи Борбад оғоз ёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки ин Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил менамоянд, самимона шодбош гуфт.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






