Оғози бақайдгирии довталабон дар Хатлон
Қӯрғонтеппа, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар).- Бақайдгирии довталабони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ барои соли таҳсили 2016-2017 тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон итттилоъ доданд, дар 9 шаҳру ноҳияҳои вилоят — Қурғонтеппа, Кӯлоб, Данғара, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Шаҳритус ва Ҷалолидини Балхӣ 10 нуқтаи доимии бақайдгирии довталабон фаъолият доранд. Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Дӯстӣ, Панҷ, Қумсангир, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Темурмалик ва Балҷувон нуқтаҳои бақайдгирии сайёр ташкил шудаанд. Аз рӯи маълумоти омории намояндагии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят аз 1-уми март то 16-уми марти соли 2016 10679 нафар (4325 духтар) довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон худро ба қайд гирифтаанд, ки ин 22,5%-и хатмкунандагонро ташкил медиҳад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






