Оғози наслгирӣ аз чорвои майда

Март 19, 2016 10:26

Душанбе, 19.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Тибқи маълумоти раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварии Вазорати кишоварзӣ,  имсол дурнамои наслгирӣ аз чорвои майда 316 ҳазору 221 сарро ташкил медиҳад. То аввали моҳи март дар корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ 131 ҳазору 680 сар насл гирифта шудааст, ки баробари 41, 6 фоизи дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5063 сар зиёд мебошад. Инчунин ба 100 сар чорвои майда 39 сар рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 сарӣ зиёд аст.

Ҳоло чорводорони вилояти Хатлон 101085 сар (63, 7%), вилояти Суғд 14222 сар (17,9 фоиз), ВМКБ 863 сар (9,9 фоиз) ва ноҳияҳои тобеи марказ 15510 сар, (22,4 фоиз) аз чорвои майда насл гирифтаанд.

Наслгирии чорво дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ идома дорад.

 

 

Март 19, 2016 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд