Ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар роҳҳо
Душанбе, 22.03.2016. (АМИТ «Ховар»). – 21 март ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-130”, марди 46-солаи сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Хоруғ-Мурғоб” дар километри 620-уми ҳудуди деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “БМВ” таҳти идораи ронанда, марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия бархӯрда, чаппа шудааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “ЗИЛ-130” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ” ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Инчунин, дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, марди 35-солаи сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти ш. Душанбе ба самти ш. Қурғонтеппа дар километри 46-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Обикиики ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, писарбачаи 5-солаи сокини ноҳияи зикргардидаро пахш намудааст. Дар натиҷа, писарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






