Омодагиҳо ба барномаи наврӯзӣ дар Кувайт
Кувайт, 24.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ҳунармандони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор намудани барномаи консертӣ ва намоиши рассомони тоҷик бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Давлати Кувайт тамоми маҳорату малакаи худро барои муаррифӣ кардани фарҳанги наврӯзӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи мардуми арабзабон аз он ҷумла мардуми Давлати Кувайт равона менамоянд.
Дар ин асно шаби гузашта ҳунармандони тоҷик барои шинос шудан бо фазои таҷлили ин ҷашни фархунда дар театри ба номи Абдулҳусайн Абдурризо, Давлати Кувайт дидан намуда, барои баргузор намудани ин намоиш омодагӣ гирифтанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳайати фарҳангии Тоҷикистон дар ин сафар аз гурӯҳи рақсии ансамбли давлатии хизматнишондодаи “Лола” ба номи Ғаффор Валаматзода таҳти сарварии Фароғат Саидова, мутрибони ансамбли Филармонияи двлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев таҳти сарварии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев, овозхони ансамбли давлатии “Фалак”и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситораи Кароматулло ва ва пианинанавоз, хонандаи синфи чоруми мактаби мусиқӣ Ҷаннат Ҳусайнзода иборат аст.


















Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






