Ҷопон ба Сурия кумаки иловагӣ мерасонад

Март 21, 2016 11:57

Душанбе, 21.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ҷопон иловатан 5 миллион доллар  барои дастгирии  сокинони навоҳии дурдасти Сурия ҷудо мекунад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон маблағи ҷудогардида ба воситаи як зумра ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла аз тариқи ташкилоти  Салиби Сурх ва Хадамоти  СММ оид ба безараргардонии минаҳо тақсим мешавад.
Бояд зикр кард, ки ин маблағ барои кумаки озуқаворӣ  ва барқароркунии қубурҳои обгузари минтақаҳои дурдасти Сурия истифода мешавад. Ҳамчунин қисми муайяни маблағҳо барои ёрии фаврии тиббӣ ва амалиёт оид ба  безараргардонии минаҳо харҷ мегардад.
Моҳи январи соли равон вазири корҳои хориҷии Ҷопон Фумио Кисида хабар дод, ки барои ба эътидол овардани вазъи Сурия ва Шарқи Наздик Токио 350 млн. доллар ҷудо менамояд. «Илова ба маблағе, ки мо барои гурезагон ва шахсони аз ҷое ба ҷои дигар рафта дар Сурияву Ироқ ва ҳамчунин мамлакатҳои ҳамсоя барои ба эътидол овардани вазъи Сурия ва Шарқи Наздик ҷудо карда будем, боз 350 млн. доллари дигар ҷудо мекунем»,- гуфта буд ў он замон.
Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ 29 сентябри соли 2015-ум дар Ассамблеяи Генералии СММ изҳор дошт, ки Токио барои гурезагони Сурия ва Ироқ 810 млн. доллар ҷудо мекунад.

Март 21, 2016 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст