Ошкор гардидани лампаҳои тафсон дар ноҳияи Рӯдакӣ

Март 29, 2016 16:19

Душанбе, 29.03.2016.(АМИТ Ховар).- Зимни муоинаи гумрукӣ аз анбори ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ гумрукчиёни тоҷик 140 адад қутии картонии дорои ранги зардро дарёфт намуданд, ки дар дохили онҳо 14 000 лампаҳои тафсони 60 Ватта мавҷуд буд. Аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд, ки нигоҳ доштани миқдори зиёди лампаҳои тафсон дар анбор дар асоси маълумоти фаврӣ ошкор гардидааст.
Лампаҳои тафсон ба шаҳрванд М.Б таалуқ дорад. Нисбат ба ин ҳолат парвандаи маъмурӣ боз гардида, барои тафтишот ба суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт фиристода шуд. Бояд тазаккур дод, ки воридот ва фурӯши лампаҳои тафсон дар кишвар тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2009 инҷониб манъ гардидааст.

Март 29, 2016 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст