Озмуни Академияи хурди илмҳо дар Хуҷанд ҷамъбаст гардид
Душанбе, 01.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №14-и шаҳри Хуҷанд озмуни Академияи хурди илмҳо ҷамъбаст гардид. Ба ҳайати тадорукоти озмун корҳои илмии хонандагоне, ки дар сессияи шаҳрӣ ба баҳои баланд сазовор гардидаанд, бо тақризҳои мукаммал пешниҳод гардиданд.
Хонандагон маърӯзаҳои илмиашонро дар бахшҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисиву олмонӣ, таъриху ҳуқуқ, математика, физика-астрофизика, химия, биология, экология, технологияи информатсионӣ, тиб, иқтисодиёт, рӯзноманигорӣ, педагогика-психология ва ғайраҳо пешниҳод намуданд. Ҳайати доварон корҳои илмии хонандагонро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, маърӯзаҳои беҳтаринро барои муҳокима ва ҳимоя тавсия намуданд.
Дар озмуни имсолаи Академияи хурди илмҳо 424 нафар ширкат варзида, ғолибон муайян гардида, ба онҳо диплом, ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим гардиданд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






