Парлумон ба қонуни матбуот илова ворид менамояд
Душанбе, 07.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Интизор меравад, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро баррасӣ ва қабул намояд. Масълаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии Парлумони кишвар, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-Раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон Созишномаи маблағгузорӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд, Созишномаи грантӣ (Маблағгузории беруна) оид ба Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд муҳокима гардид.
Масъалаҳои мазкурро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олимҷон Салимзода, Лутфия Раҷабова ва дигар аъзои шӯро тавзеҳ доданд. Қисме аз масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм ва қисми дигар барои додани хулосаи ташхиси ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд






