«Qatar Airways» шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват мекунад
Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар даҳаи дуввуми моҳи апрели соли 2016 ҳайати ширкати «Qatar Airways» (бахши хадамоти заминӣ) барои ҷалби неруи корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
Интихоби неруи корӣ тавассути озмун сурат мегирад, ки он се марҳиларо фарогир хоҳад буд: марҳилаи аввал – тариқи системаи онлайн ва баъди гузаштани он марҳилаи дуввум – тариқи суҳбати мустақим дар Душанбе (моҳи апрел) ва марҳилаи сеюм ва ё таҷрибавӣ дар Қатар (моҳи май) сурат мегирад.
Хароҷоти марҳилаи сеюмро ширкати «Qatar Airways» пурра бар дӯш мегирад.
Барои иштирок дар озмуни мазкур довталабон бояд тавассути линк дар нишонии махсус, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон тахсис шудааст, ба қайд гирифта шаванд:
http://careers.qatarairways.com/qatarairways/VacancyDetail.aspx?VacancyID=107826
Линки мазкур то 3 апрели соли 2016 фаъол хоҳад буд.
Шароити кор, иқомат ва музди меҳнат дар ин ширкат ба тамоми меъёрҳои ширкатҳои байналмилалӣ мутобиқ аст.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳайати ширкати мазкур барои баргузидани кормандони бахши меҳмондории ҳавопаймо (crew attendant) дар ибтидои моҳи декабри соли 2015 ба Тоҷикистон омада буд. Он замон аз 96 нафар довталаби дар озмун иштироккарда, танҳо 1 нафар комилан ва 4 нафари дигар ҷузъан ба талаботи забониву касбӣ мутобиқат дониста шуданд.
Тазаккур додан ба маврид аст, ки дар ин озмун тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 18 болост ва забони англисиро медонанд, метавонанд озодона иштирок намоянд.
«Qatar Airways»-ширкати миллии ҳавоии Давлати Қатар буда, дафтари кории асосии он дар пойтахти ин кишвар-Давҳа аст. Ҳоло ин ширкат дар 44 хатсайри байналмилалӣ фаъолият мекунад.








Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд






