Раҳмонобод-шаҳраке, ки дар ду моҳ бунёд ёфт

Март 2, 2016 16:48

Хоруғ, 02.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Агарчӣ замини шаҳрчаи навбунёди Раҳмонободи ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон ҳанӯз зери барф ҳасту ҳаво каме сард аст, аммо омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар ин ҷо аз барвақт шуруъ шуд. Яке аз сокинони ин шаҳрча, вакили маҷлиси намояндагони вилоят Мамадиброҳим Иброҳимхонов гуфт, ки имсол мо меҳмонони зиёдеро аз нуқоти мухталифи кишвар интизорем. Онҳое, ки дар рӯзҳои сахту мудҳиш ба кумаки мо шитофтанд ва дар муддати каме бештар аз ду моҳ дар ин биёбони пур аз хору шағал шаҳрчаи замонавӣ бунёд намуданд, умедворем, ки дар рӯзи шодию хурсандӣ низ дар паҳлӯи мо қарор мегиранд. Аз ин рӯ кӯшиш мекунем, ки Наврӯзи Бадахшонро бо тамоми вижагиҳои хосаш ба онҳо пешниҳод кунем. Дар ин макон ҳанӯз расму суннатҳои қадимии мардуми тоҷик аз рақсу бозӣ то либосу таомҳои хоси наврӯзӣ ҳифз шудаанд. Дар замони шӯравӣ каме аз хотирҳо фаромӯш шуданд, аммо даврони истиқлол имкон дод, ки тамоми ҷузъиёт аз нав эҳё ва ба зиндагии мардум бозгарданд. Мамадиброҳим Иброҳимхонов дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки мардум комилан ба зиндагии одии худ баргаштанд ва батадриҷ аз он рӯзҳои шум фаромӯш месозанд. Ин як дарс буд, ки насли калонсол бояд онро ба насли оянда расонад. Аввал ин, ки дар мавзеи хатарзо хона бунёд накунанд ва агар ҳодисае рух дод, ҳамеша дар паҳлӯи ҳамдигар қарор гиранд. Инро мо аз сар гузаронидем. Агар сарҷамъию иттиҳод ва ваҳдату дӯстии беғаразонаи мардуми тоҷик намебуд, имрӯз ин шаҳрча вуҷуд намедошт. Аммо аз ҳама муҳим, ҳангоми ҳар гуна офатҳои табиӣ мардум ба роҳбарии оқилонаву дурандешона ниёз дорад. Инро мо дар мисоли ҳодисаи деҳаи худ эҳсос намудем.
Аз рӯзҳои аввали офати табиӣ ҳамаи корҳои барқарорсозиро Пешвои миллат бар дӯши худ гирифт. Манзилу роҳи мошингард, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, шабакаҳои барқию обрасонӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ маҳз бо дастури бевоситаи Пешвои миллат ва саъю талоши шаҳрвандони кишвар эъмор гардиданд.
Ин вакили мардумӣ дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки дар шароити кӯҳистон дар давоми чанд моҳ сохтани 82 манзил бо тамоми асбобу анҷоми рӯзгор, аз қаъри замин баровардани оби нӯшокию ба баландии бештар аз 500 метр интиқол додани он ба назар ғайримумкин менамуд. Боз дар он шабу рӯз сел симҳои интиқоли барқро хароб кард ва бар асари он на танҳо сокинони ноҳияи Шуғнон, балки бошандагони маркази вилоят- шаҳри Хоруғ низ аз истифодаи неруи барқ маҳрум монданд. Баъди боло рафтани сатҳи кӯли сунъӣ роҳи мошингузари Хоруғ-Кулма баста шуд. Зарурат ба миён омад, ки мошинҳои боркаш маводи сохтмониро ба воситаи ноҳияи Ишкошим ба маркази вилоят интиқол диҳанд. Ин роҳ 100 км тӯлонитар буд, аммо роҳи дигар вуҷуд надошт.
Дар ҳамин вақт аз ноҳияҳои Ишкошим ва Дарвозу Ванҷ ҳам хабар расид, ки сел манзилҳои зиёдеро вайрон кардааст.
Хулоса вазъ хеле печ дар печу вазнин шуда буд. Аммо сарфи назар аз ин хабарҳои хушу умедворкунанда ва дар паи он анҷом додани корҳои мушаххаси бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дили мардумро ба зиндагӣ гарм менамуд. Вазъи зиндагии кӯдакон дар хаймаҳо, дар ҳавои тафсони тобистон моро ба таҳлука андохт. Ва ин масъала низ дар зудтарин фурсат ҳал шуд. Кӯдакони моро бародарони суғдӣ ба оғӯш гирифтанд. Ҳамзамон дар шаҳрча ба эъмори бинои мактаб оғоз карданд. Барои сохтмони ин бино беш аз 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ чудо ва зиёда аз 20 коргар ба кор ҷалб шуданд. Сохтмони бинои муассисаи таълимӣ бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суръат гирифта, сохтмони онро ширкати «Бунёд» ба уҳда гирифт. Дар моҳи декабр бино мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд ва кӯдакону наврасон ба зодгоҳи худ баргаштанд. Дар рӯ ба рӯи он марказҳои саломатӣ ва тиҷоратӣ қомат афрохтанд.
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо ҳангоми ифтитоҳи расмии шаҳрча пешниҳод шуд, ки шаҳрчаи нав Раҳмонобод номгузорӣ шавад. Ин пешниҳодро кулли мардум бо кафкӯбӣ ва дилгармӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки номи деҳаи Барсем баъди канда шудани пирях ва обхезӣ дар тобистони соли гузашта вирди забони хурду калони кишвар гашта буд. Дар натиҷаи ин ҳодиса 82 хонавода комилан аз манзилашон маҳрум шуданд.
Бо дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин оилаҳо ба мавзеи Питоб кӯч дода шуданд. Баъди каме бештар аз ду моҳ сокинони зарардида аз хаймаҳо ба манзилҳои замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо кулли асбобу анҷоми рӯзгор ва маводи хӯрокӣ барои се моҳ кӯч бастанд.

Файзи Мирҳасан

Март 2, 2016 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 80 ҳазор парвандаро баррасӣ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба Вазорати адлия беш аз 17 ҳазор мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид
Чаро дар тобистон нӯшидани оби зиёд зарур аст?
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
БАРДОШТУ ТААССУРОТ АЗ ЁДДОШТУ ХОТИРОТ. Дар ҳошияи «Ёддоштҳо»-и муҳаққиқ, сиёсатшинос ва адиби пуркори миллӣ Саймумин Ятимов
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд