Рисолаи Сипаҳсолор қадимтарин ровии зиндагиномаи Мавлонои Балхист

Март 30, 2016 15:06

Душанбе, 30.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Китоби Феридун Ибни Аҳмади Сипаҳсолор бо номи Рисолаи Сипаҳсолор бидуни шак яке аз қадимтарин ровиёни зиндагиномаи Мавлонои Балхист, ки ахиран дар Хуҷанд интишор ёфтааст.
Аз вуҷуди ин рисола хеле пештар сарчашмаҳо хабар медоданд, вале дар Тоҷикистон бо хати имрӯз ба тозагӣ нашр шуд.
Муаллиф муддати чандин сол муриди Мавлонои Балх будаву аз файзи суҳбат ва дониши вай баҳраҳо бардоштааст. Он чизе навиштаааст, худ шоҳиди он будааст ва дар нақли Сипаҳсолор пажӯҳишгарони осору зиндагии Мавлоно хеле кам афкори зидду нақизро пайдо кардаанд.
Таърихи таълифи ин китоб дақиқ мушаххас нест, вале чун Сипаҳсолор муриди Мавлои Рум буд, яқинан онро замоне таълиф кардааст, ки аз даргузашти пираш муҳлате нагузаштааст.
Бисёре аз муҳаққиқони осори Мавлоно аз ин рисола ба унвони муътамадтарин сарчашма дар шинохти пири Румӣ ёд кардаанд.

Март 30, 2016 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст