Роҳ ба мавзеи Чилдухтарон осон гардид
Душанбе, 29.03.2016. (АМИТ «Ховар»).–Чанде пеш пули мошингузар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёдкардаи дарёи Сурхаки самти мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод, ки он 130 метр дарозию 3 метр паҳно ва 20 тонна иқтидори вазнбардорӣ дорад, мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Дар баробари ин, инчунин роҳи ноҳамвори мавзеи мазкур бо маблағгузории ин соҳибкор, ки масофаи 18 километрро ташкил мекунад, ба андозаи 6-7 ва дар баъзе ҷойҳои он то 11-12 метр тахту ҳамвор ва сангфарш карда шуд.
Ба хотири минбаъд аз барфу борон осеб надидани роҳ дар 5 нуқтаи мушкили он иншооти обпарто бунёд гардида, дар ду паҳлӯи он бо қувваи ҳашарчиён, ба хусус аҳли ҷамоатчигии ноҳия беш аз 600 бех ниҳоли мухталиф шинониданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






