Сӯхтор дар муддати кӯтоҳ хомӯш карда шуд
Душанбе, 22.03.2016. (АМИТ «Ховар»). –Имрӯз, соати 14:45-дақиқа ба Маркази алоқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД оиди ҳодисаи сӯхтор дар бинои истиқоматии нӯҳошёна, воқеъ дар кӯчаи Муҳаммадиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар расид.
Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон қубури партовгоҳ аз ошёнаи 6-ум то 9-уми бинои мазкур оташ гирифтааст. Дар натиҷаи дуруст ва сари вақт сафарбар намудани қувваю воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ сӯхтор дар муддати кӯтоҳ хомӯш карда шуда, роҳҳои паҳншавии он ба зудӣ пешгирӣ карда шуд.
Ҳеҷ кас аз шаҳрвандон осеб ва ё зарари ҷисмонӣ надидааст.
Зарари молии расонидашуда аз сӯхтор ночиз буда, оташнишонон тавонистанд молу амволи шаҳрвандонро дар ҳаҷми 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз нобудшавӣ эмин нигоҳ доранд.
Сабаб ва омилҳои ба вуқӯъ пайвастани сӯхтор муайян карда мешавад.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






