Сабқати футболбоззанон бахшида ба Рӯзи модарон
Душанбе, 03.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Мусобиқаи футболи занона бахшида ба Рӯзи модарон, ки рӯзи панҷшанбе, 3 март дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз меёбад, то 6 март идома хоҳад кард. Дар ин бора аз КМО Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои Дилором Нусратуллоева, мудири шуъбаи футболи занонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мусобиқа ҳашт даста ширкат меварзад.
Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қурғонтеппа), тими мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) ва «Барқ» (Норак) ва ба гурӯҳи «Б» «Ласточка» (Душанбе), «Зебо» (Ҷиликӯл), «Ситора» (Фархор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дохиланд.
Тибқи низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойи севум талош хоҳанд кард. Бозиҳо аз ду қисми 35 дақиқаӣ иборатанд. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқот рӯзи якшанбе, 6 март барпо мегарданд.
«Ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14), ки охири моҳи апрел дар мусобиқоти минтақавии қаҳрамонии Осиё дар Душанбе ширкат меварзад, як марҳилаи омодагӣ маҳсуб мешавад, — иброз дошт Дилором Нусратуллоева.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






