Сарвазири Покистон моҳи май ба Душанбе меояд

Март 17, 2016 10:34

Душанбе, 17.03.2016.(АМИТ Ховар).-Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф иштирокашро дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонии хатти интиқоли барқи CASA-1000, ки моҳи майи соли равон дар Тоҷикистон сурат мегирад, таъкид кард. Сарвазири Покистон зимни мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар Исломобод ба сатҳи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии Душанбе ва Исломобод баҳои баланд дода, оғози расмии сохтмони лоиҳаи муҳими CASA-1000-ро барои Покистон ва кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ кард.
-Мо аз шунидани хабари тасмими ҷониби Тоҷикистон барои бар иловаи тарҳи CASA-1000 интиқоли неруи барқи иловагии беш аз 1000 MВ ба Покистон хушҳол шудем ва тасмими кишвари шуморо ҳамчун армуғон қабул намудем,- гуфт Муҳаммад Навоз Шариф. Мавсуф Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Покистон арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки Покистон омода аст лоиҳаҳои гуногуни Тоҷикистонро сармоягузорӣ намуда, саҳми худро дар пешрафти иқтисоди кишвари дӯст гузорад.
Сарвазири Покистон ташрифи ҳайати баландпояи парлумонии Тоҷикистонро ба Покистон қадами устувор дар таҳкими ҳамкории ду кишвари дӯст маънидод кард.

Март 17, 2016 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид