МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дарахтони мевадиҳанда ва токзори ҷумҳурӣ дар таркиби худ организмҳои зараррасон доранд. Дар давраи нашъунамои дарахтони мевадиҳанда ва токзор баланд шудани ҳарорати ҳаво онҳо инкишоф меёбанд, ки ин ба кам гардидани ҳосил ва паст гардидани сифати мева таъсир мерасонад. Корҳо бар зидди зараррасонҳои боғу токзор асосан дар 2 давра гузаронида мешаванд- дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор ҳангоми пурра дар оромӣ будани дарахтони мевадиҳанда ва буттаи токзор ва дуюм дар давраи нашъунамои онҳо ҳангоми пайдо ва паҳншавии ин зараррасонҳо.
Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, зараррасонҳо ва касалиҳо дар тамоми боғу токзор ба мушоҳида мерасанд. Зимни гузаронидани корҳо барои рушди минбаъдаи боғдорӣ ва токпарварӣ ба масъалаи муҳофизати растанӣ диққати махсус бояд дода шавад.
Зараррасону барангезандаи касалиҳои боғу токзор дар зери хоку кулӯхҳо, боқимондаҳои растанӣ, таги дарахтону буттаи ток, пӯстлоху тарқишҳои онҳо ҷойгир шуда, зимистонро мегузаронанд. Дар давраи дуру дарози (сентябр-март) зимистонгузаронии зараррасонҳои боғу токзор мувофиқи маълумоти мутахассисони соҳа аз ҳисоби таъсири микроорганизмҳо, патогенҳо, иқлими минтақа ва маҳал, хусусан аз сардии ҳавою бориши зиёд аз 12 то 40 фоиз зараррасонҳо талаф меёбанд, ки ин албатта, кифоя нест.
Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ вобаста ба иқлими маҳал дар дарахтони мевадиҳанда ва токзор намудҳои гуногуни зараррасону касалиҳо паҳн гаштаанд. Зараррасонҳои аз ҳама бештар паҳнгашта тортанакканаҳо, ширинчаҳо, сипарболакҳо, асалаки нок, кирмаки себ, кирмаки дӯлонахӯрак, зарриндумболи туркистонӣ, абрешимресаки ноҷуфт ва кӯҳии ҳалқатоб, куяи себ, заргинаки сиёҳ ва ғайра мебошанд.
Бинобар ин хоҷагиҳои боғу токпарварӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди зараррасонҳои зимистонгузарон чораҳои пешгирикунандаи механикӣ, агротехникӣ ва кимиёвӣ мегузаронанд.
Яке аз усулҳои самарабахш, ки боғпарварон бо фарорасии фасли баҳор мегузаронанд, сафедкунии танаи дарахтон мебошад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки сафед кардани тана ва таҳкурсии асосии навдаҳо бо маҳлули 20-фоизаи оҳак (2 килограмм оҳак ва 500 грамм лой дар 10 литр) яке аз роҳҳои истифодаи саривақтии усули агротехникӣ дар давраи зимистонгузаронӣ бар зидди зараррасонҳо дар майдони боғу токзор мебошад. Ин амалҳо пайдошавӣ ва паҳншавии зараррасонҳоро маҳдуд намуда, ҳолати фитосанитарии онҳоро беҳтар менамоянд.
Яке аз усулҳои самарабахш- ин усули кимиёвӣ мебошад. Ин усул дар системаи муҳофизати интегратсионии растаниҳо дар баробари дигар усулҳои мубориза бар зидди организмҳои зараррасони зироати кишоварзӣ ва тарзи асосии ҳифзи растаниҳо чун усули кимиёвӣ боқӣ мемонад.
Ҳангоми гузаронидани коркарди кимиёвӣ бояд интихоби заҳрхимикатҳо, муҳлати коркард ва иқлими маҳал ба инобат гирифта шавад. Вобаста аз синну солу зичии дарахтони мевадиҳанда ва буттаи ток меъёри сарфаи маҳлули корӣ аз 800 то 1200 литр дар 1 гектар истифода шавад.
Тибқи қоида, барои муҳофизати кимиёвии растаниҳо бояд заҳрхимикатҳое истифода шаванд, ки дар «Рӯйхати моддаҳои кимиёвӣ ва воситаҳои биологие, ки барои истифода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иҷозат дода шуда, бо қарори Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, мавҷуд ҳастанд. Шахсоне, ки барои кор бо пеститсидҳо ҷалб карда мешаванд, бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва барои ҳифзи беҳдошти худ либоси махсуси мухофизатӣ дошта бошанд. Инчунин ноболиғони аз 18-сола хурд, занҳои ҳомила ва дорои кӯдаки ширмак ба ин корҳо роҳ дода намешаванд. Давомнокии рӯзи корӣ бо пеститсидҳо 6 соат муқаррар шудааст. Ҳангоми кор бо пеститсидҳо маъмурияти хоҷагӣ бояд кормандонро бо ширу маҳсулоти ширӣ таъмин намояд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Пешвои ҷавонпарвари миллат
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд?
Эмомалӣ Раҳмон – меъмори имиҷи байналмилалии Тоҷикистон
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон






