Семинари байналмилалии Корея-Осиёи Марказӣ дар Душанбе
Душанбе,31.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз семинари байналмилалии Корея-Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Усулҳои вусъатбахшии ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирёбии низоми иқтисодии Авруосиё» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Намояндаи Департаменти Аврупо, Амрико ва Авруосиё Ҷае-Йонг Ли ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар семинарро оғоз карданд. Директори бахши корҳои аврупоии ВКХ Ҷумҳурии Корея Чеол-Мин Пак ва намояндагон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон маърӯза карданд.
Дар семинари мазкур масъалаҳои рушди ҳамгироии иқтисодии Авруосиё ва Осиёи Марказӣ, ташаббусҳои Авруосиё ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Корея ва Осиёи Марказӣ дар фазои тағйирёбандаи иқтисодиёти берунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Семинари байналмилалии Корея-Осиёи Марказӣ аз се нишаст иборат буда, дар нишасти якум мавзӯи «Осиёи марказӣ дар фазои тағйирёбандаи иқтисодиёти беруна», дуюм «Рушди ҳамкории иқтисодии Авруосиё ва осиёи марказӣ», сеюм «Ташаббусҳои Авруосиё ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Корея ва Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуда истодааст.
Дар семинар меҳмонони хориҷӣ ва коршиносони дохилӣ дар мавзӯъҳои « Стратегияи ҷавобии Қазоқистон ва оқибатҳои сиёсии он», «Равандҳо ва дурнамои рушди иқтисодии Узбекистон дар фазои тағйирёбандаи иқтисодиёти беруна» «Рушди равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ», «Иттифоқи иқтисодии Авруосиё ва Қирғизистон», «Сиёсати Озарбойҷон дар самти ҳамгироии Авруосиё ва оқибатҳои он» «Рушди стратегии Форуми ҳамкории Корея ва ОМ» «Ташаббусҳои Авруосиё ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Корея ва Осиёи Марказӣ: робитаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ» шунида хоҳанд шуд.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






