Ш. Комилзода: Барои омӯзиши суннатҳои Наврӯзӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст
Душанбе, 22.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- «Баъд аз пайдо шудани Наврӯз наврӯзшиносӣ низ зина ба зина рушду инкишоф ёфт»,- мегӯяд директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода.
Ӯ ҳамчунин иброз медорад, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷаҳонигардонии Наврӯз хеле назаррас аст.
Ба иттилои Шариф Комилзода баъд аз байналмиллалӣ эълон шудани Наврӯз аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид, байни олимони тоҷик доир ба Наврӯз ва наврӯзшиносӣ тадқиқотҳои доманадор шуруъ шуд.
«Агар имрӯз мо ба нашри адабиёт оид ба Наврӯз ва наврӯзшиносӣ назар афканем бо итминони комил метавон гуфт, ки нашри чунин адабиёт дар Тоҷикистон беш аз 15 маротиба афзудааст. Агар солҳои қаблӣ ба ҳисоби миёна дар як сол 15 асару мақола чоп шуда бошад, баъд аз соли 2010 ҳамасола беш аз 500 номгӯи асару мақолаҳо доир ба Наврӯз ва наврӯзшиносӣ ба табъ мерасад, яъне имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки барои омӯзиши суннатҳои Наврӯзӣ ва рангорангии ин ҷашни байналмиллалӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст»,- гуфт Шариф Комилзода.








Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






