“Шаби Бухоро”, “Як мошин қурути қирғизӣ”, “Рӯзи сиёҳи Аврупо” ва дигар матолиби чопшуда

Март 31, 2016 14:22

Душанбе, 31.03.2016 (АМИТ «Ховар»). – Шумораи навбатии нашрияи расмии “Ҷумҳурият” аз 29 марти соли равон бо сарлавҳаи  “Тоҷикистон воқеан Ватани Наврӯз аст” суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими “Корвони наврӯзӣ”-и шаҳри Хуҷанд нашр карда, аз сафари Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон ва аз машварати кории Президенти мамлакат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд хабару гузоришҳои муфассал пешкаши хонандагон намудааст. Дар шумораи рӯзи чоршанбеи “Ҷумҳурият” матни фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат оид ба тағйироти кадрӣ нашр шудааст. Мақолаҳои “Ҳақиқат мисли офтоб аст”, “Манзили дастрас воқеан дастрас аст”, “Телефонҳои хонагӣ. Чаро ба онҳо авлавият надиҳем?”, “Саросемагӣ меваи боғи моро талх мекунад” ва дигар хабарҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ дар саҳифаҳои нашрия пешкаши хонандагон шудаанд. “Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдод ва меҳмоннавоз воқеан ҳам бо ҳамватани худ – Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд. Он сиёсати оқилонае, ки ин мард пеш мебарад, кишварашро ҳифз кард, ба ин сарзамин сулҳу осоиш овард” – бо ин суханони Александр Лукашенко дар рубрикаи “Сухани рӯз” шумораи имрӯзаи “Ҷумҳурият” нашр шудааст. Дар шумораи мазкур иттилоия аз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп гардида, хабарҳо оид ба боздошти 18 нафар барои интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон, таъсиси Фонди барқарорсозии Палмира, наҷот ёфтани гаравгонони ҳавопаймои EgyptAir пешкаши хонандагон шудааст.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 28-уми марти соли равон суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиён зери сарлавҳаи “Яке аз рамзҳои Наврӯз барпо намудани базми шеър мебошад” чоп кардааст. Хабари расмӣ оид ба баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар ҳамин шумораи нашрия нашр гардида, дар саҳифаҳои дигар оид ба сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд, мулоқоту вохӯриҳои Сарвари давлат бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, гузоришҳои муфассал, ҳамчунин матни суханрониҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохӯриҳо чоп шудаанд. Дар шумораи имрӯзаи “Садои мардум” хабару мақолаҳои “Тоҷикистону Покистон ҷинояткоронро истирдод менамоянд”, “Нилуфари умқи Сайҳун”, “Омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ идома дорад” дарҷ шудаанд.

Нашрияи русзабони “Народная газета” дар саҳифаи якум ва дуюми худ аз фаъолияти ҳаррӯзаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар давоми як ҳафтаи охир хабарҳои муфассалро нашр карда, зери рубрикаи “Як сатр” муҳимтарини навгониҳои бахши сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро инъикос намудааст. Тибқи анъана нашрия оид ба кишварҳои ҳамсояи Қазоқистону Туркманистон, Қирғизистону Узбекистон хабару мақолаҳо нашр кардааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон “Адабиёт ва санъат” аз Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз, ки муддати панҷ рӯзи наврӯзӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд, гузоришу хабарҳо нашр карда, дар саҳифаи назм шеърҳои Латиф Нозимӣ, Ҳумайро Накҳат, Муҳаммадкозими Козимӣ, Солеҳмуҳаммади Халиқ, Шабгири Пулодиён, Масъуди Сипанд ва андешаҳои меҳмонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро, ки дар ҳамоиши шеър иштирок доштанд, барои хонандагони худ пешниҳод кардааст.

Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Омӯзгор” суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Масчоҳ бо сарлавҳаи “Мактаб – шоҳсутуни низоми таълиму тарбия” нашр карда, мақолаҳои “Тарбият масъулият металабад”, “Ҳар чӣ киштӣ, ҳамон бидравӣ”, “Хазинадори таърих” ва дигар навиштаҳои ҷолибро пешкаши хонандагон намудаст.

“10 000 сайт ба мағзшӯӣ машғул аст” – бо чунин сармақола шумораи навбатии нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз чоп баромад. Муаллиф навиштааст: “Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст. Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст”.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи навбатии худ хабару мақолаҳои “Рӯзи дурӯғ”, “НАТО дар Осиёи Марказӣ”, “Як мошин қурути қирғизӣ”, “Мо кистем: аввал тоҷик ё мусулмон?”, “Домод аз маҳбас”, “Шаби Бухоро” ва дигар навиштаҳоро чоп кардааст.

Нашрияи СССР таҳти сарлаваҳаи “Баҳористон” ду қадам то хористон” навиштаи муаллифи хеш Ҷамила Ҳусейноваро дарҷ карда, хулосаи муаллифро чунин овардааст: “Осоишгоҳ, пеш аз ҳама, ҷойи лутф, табассум, сухани ширин ва абрӯи кушода аст, зеро меҳмоне, ки дар “Баҳористон” сухан ва рафтори дағалро дид, дигар ҳеҷ гоҳ пояшро ба ин ҷо намегузорад”.

Нашрияи мустақили ҷамъиятӣ-сиёсии “Миллат” бо номи “Баҳси мазҳаб тоҷикро аз асолат дур кард” мақолаи Давлатшоҳ Маҳмудовро чоп кардааст. Муаллиф аз таърихи барӯйхатгирии аҳолии соли 1926 нақл намудааст.

“Пантуркизм, мо ва ислом” (Ё чӣ тавр пантуркистон аз дини Ислом ва Кабирию ёронаш истифода мебаранду пушти шабакаи телевизионии СА ТV кӣ меистад?) мақолаи Зафар Мирзоён таҳти ҳамин сарлавҳа дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Нигоҳ” нашр шудааст. Дар шумораи мазкур ҳамчунин мусоҳибаи С.Дӯстов “Ҳукуматҳо меоянду мераванд, манфиатҳои миллӣ мемонанд”, шеърҳои Адибаи Хуҷандӣ, мақолаи таърихӣ дар бораи Уго Чавес дарҷ гардидаанд.

Ҳафтаномаи таърихӣ-тадқиқотии “Самак” ҳафтаи гузашта бо саволи “Чаро мардум ба театр кам таваҷҷуҳ доранд?” назарпурсӣ анҷом додааст. Мақолаи “Таркиш дар Брюссел” ба амали террористии рӯзи 22-юми март дар дили Аврупо – Белгия содиршуда, ки боиси марги фоҷиавии даҳҳо сокинони осоишта шуда буд, бахшида шудааст.

Нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” аз шукӯҳи Наврӯзи Ватан дар шаҳру ноҳияҳои кишвар хабару гузориш ва мақолаҳои ҷолибро пешкаши хонандагон кардааст. Навиштаҳои “Таъсири геополитика ба Осиёи Ҷанубӣ ва паёмадҳои он”, “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон”, “Ҷуз роҳи бузургон набувад роҳи дигар”, “Рӯзи сиёҳи Аврупо” ва дигар матолиби чопшуда аз тарафи хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

 

Март 31, 2016 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад