Шиносоии хатмкунандагон бо муассисаҳои олӣ
Кӯлоб, 26.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Чун ҳамасола дар донишгоҳу донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи дарҳои кушод доир мешавад, ки дар он хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат намуда, бо шароити таҳсилу илмомӯзии муассисаҳои олӣ ошно мешаванд.
Раёсати Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ташкили рӯзи дарҳои кушод дастовардҳои илмии устодону донишҷӯёнро пешкаши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб гардонид.
Толибилмон аз паркҳои технологии Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.
Баъд аз шинос шудани хатмкунандагон бо донишкада роҳбарияти донишкада бо иштирокдорон вохӯрӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо ин муассиса бо якчанд донишгоҳу донишкадаҳои олии хориҷи кишвар, махсусан Федератсияи Русия, Қазоқистон, Беларус шартномаи ҳамкорӣ дошта, барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи саноат саҳми назарас дорад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






