Шиносоии Шамсиддин Орумбекзода бо вазъи муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 09.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи муассисаҳои фарҳангӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ рафта, ҳамзамон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар назди Осорхонаи таърихӣ- кишвариносӣ ва Китобхонаи марказии ноҳия иштирок намуд. Шамсиддин Орумбекзода зимни боздид аз китобхонаи марказӣ ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия барои таъминот бо таҷҳизот, пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет, таъсиси захираҳои анъанавӣ ва электронӣ, иқдом намудан бобати баланд бардоштани сатҳи маънавию ахлоқии аҳолӣ, ташаккули ғояҳои солими сиёсии шаҳрвандон ва ҷоннок намудани фаъолияти муассисаҳои фарҳанги ноҳия бо табдил додани онҳо ба марказҳои воқеии тарбиявию тарғиботӣ ба масъулин дастуру супориш дод. Вазири фарҳанг ҳамчунин аз Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг ба номи П.Буйдоқов ва мактаби бачагонаи санъат ба номи М.Ашрафӣ дидан карда, диққати роҳбарону омӯзгорони ин муассисаҳои таълимиро ба навсозӣ ва мукаммалгардонии мундариҷа ва сохтори таълим, баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои соҳаи фарҳанг ва санъат, ташаккули ҳайатҳои нави эҷодии кӯдакон ва наврасон, омода намудани ҷавонони соҳибистеъдод ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, интихоб ва дарёфти довталабони лаёқатманд барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат дар кишвар ва хориҷи он ҷалб намуда, бобати андешидани тадбирҳои мушаххас дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






